ТЕЪДОДИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ХОРИҶӢ 1220 НАФАРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори квотаи ҷалби қувваи кори хориҷӣ ба ҶТ барои соли 2010 дар ҳаҷми 7000 нафар муқаррар карда шудааст, иттилоъ дод зимни нишасти матбутӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов. М.Маҳмадаминов инчунин, қайд намуд, ки ҳангоми гузаронидани ташхис ба 1220 нафар муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ барои фаъолият намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуд. Дар баробари ин, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ӯҳдадор шуданд, ки 2613 нафар шаҳрвандони кишварамонро бо ҷои кор ва маоши моҳона таъмин намоянд. Маълум гардид, ки теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли 2010 1220 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009, 460 нафар кам мебошад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






