ТЕЪДОДИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ХОРИҶӢ 1220 НАФАРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

Апрель 20, 2010 16:16

Душанбе,  20 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори квотаи ҷалби қувваи кори хориҷӣ ба ҶТ барои соли 2010 дар ҳаҷми 7000 нафар муқаррар карда шудааст,  иттилоъ дод зимни нишасти матбутӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов. М.Маҳмадаминов   инчунин, қайд намуд, ки ҳангоми гузаронидани ташхис ба 1220 нафар муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ барои фаъолият намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат  дода шуд. Дар баробари ин, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ӯҳдадор шуданд, ки 2613 нафар шаҳрвандони кишварамонро бо ҷои кор ва маоши моҳона таъмин намоянд. Маълум гардид, ки теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар семоҳаи аввали  соли 2010   1220 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009, 460 нафар кам мебошад.    

Апрель 20, 2010 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад