ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ИШТИРОК НАМЕКУНАНД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Теннисбозони Тоҷикистон имсол дар мусобиқаи 99 уми бонуфузи байналмилалии дастаҳои мунтахаби мардона барои ба даст овардани ҷоми Девис ширкат намеварзанд. Директори Мактаби варзишии бачагону наврасони теннисбоз Мансур Яҳёев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки теннисбозони тоҷик бо сабаби набудани маблағи зарурӣ дар ин мусобиқа иштирок намекунанд. Мусобиқаи мазкур 19 апрел дар Индонезия оғоз ёфт. Тибқи нақшаи пешакӣ таҳиягашта, теннисбозони тоҷик мебоист бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн, Бруней, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Мянма, Қатар, Сингапур, Туркманистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Яман қувваозмоӣ мекарданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






