ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО

Апрель 5, 2010 08:29

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз котиби Генералии СММ ҷаноби Пан Ги Мун дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон мегардад. Дар назар аст, ки дар давоми сафари дурӯзаи худ ҷаноби Пан Ги Мун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои дурнамо ва мушкилоти минтақавӣ,  ҳамчунин иҷрои Мақсадҳои рушди ҳазорсоларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин дидор инчунин масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва масоили Афғонистон низ мавриди назар қарор мегиранд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Котиби Генералии СММ Пан Ги Мун аз рафти сохтмони  НОБ – и «Роғун» ва  кори  нерӯгоҳи «Норак» ва дигар нерӯгоҳҳои дарёи Вахш    дидан ба амал меорад. Тибқи нақша, Котиби Генералии СММ – ро вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Апрель 5, 2010 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад