ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз котиби Генералии СММ ҷаноби Пан Ги Мун дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон мегардад. Дар назар аст, ки дар давоми сафари дурӯзаи худ ҷаноби Пан Ги Мун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои дурнамо ва мушкилоти минтақавӣ, ҳамчунин иҷрои Мақсадҳои рушди ҳазорсоларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин дидор инчунин масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва масоили Афғонистон низ мавриди назар қарор мегиранд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Котиби Генералии СММ Пан Ги Мун аз рафти сохтмони НОБ – и «Роғун» ва кори нерӯгоҳи «Норак» ва дигар нерӯгоҳҳои дарёи Вахш дидан ба амал меорад. Тибқи нақша, Котиби Генералии СММ – ро вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ҳамроҳӣ мекунад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






