ТОҶИКОБОД АЗ РӮИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛӢ СОХТА МЕШАВАД

Апрель 27, 2010 08:55

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нақшаи сохтмони генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 168 аз 30 – юми марти соли 2010 тасдиқ гардид. Инчунин таҳияи нақшаҳои генералии маркази шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Хоруғ  ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шудааст. Нақшаҳои генералии  шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Қӯрғонтеппа, нақшаҳои муфассали шаҳрҳои Турсунзода ва Данғара мавриди таҳия қарор дошта, дар мӯҳлатҳои пешбинишуда омода карда мешаванд.  

Апрель 27, 2010 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад