ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК ЗАБОНИ АЛЛОМА ИҚБОЛРО МЕОМӮЗАНД

Апрель 12, 2010 15:21

Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назди  Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши забони урду ташкил карда шуд.  «Ҳадаф аз ташкили курси  омӯзиши забони урду,  баланд бардоштани сатҳи забондонии толибилмон ва шиносоӣ бо адабиёту фарҳанги Покистон аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алтамаш Вазир  Хан. Алҳол дар курси мазкур 25 нафар толибилмон ба омӯзиши забони урду фаро гирифта шуда, онҳо бо китоб ва адабиёти роҷеъ ба омӯзиши забони урду таъмин гардидаанд. Дарсҳо дар як ҳафта як соат ҷараён гирифта,  ба толибилмон дастпарвари бахши урдуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Гулрухсор Раҳимова нозукиҳои забони урдуро меомӯзад.  «Забони урду ба забони тоҷикӣ шабоҳат дошта, 65 фоизи онро  калимаҳои қадимаи забони форсӣ ташкил медиҳад», меафзояд А. Вазир Хан. Аз ин рӯ, омӯзиши забони урду ба бачаҳои тоҷик  ягон мушкилӣ пеш намеорад. Забони урду бо ҳуруфоти арабиасос навишта шуда,  алифбои он асосан аз 37 ҳарф иборат аст. Инчунин, Алтамаш Вазир Хан афзуд, ки забони форсию урду решаи ягона дошта, макони пайдоишаш сарзамини Ҳинд аст. Забони урду дар Покистон забони миллӣ ба ҳисоб меравад ва бо он аҳолии 180 миллионнафараи Покистон муоишират ва гуфтугӯ мекунанд. Ҳамзамон, А. Вазир Хан роҷеъ ба тавсиаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ибрози назар карда, гуфт, ки соли гузашта дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гӯшаи Покистон кушода шуд, ки он дар тайёр намудани мутахассиони бахши забони урду дар Тоҷикистон ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни Покистон саҳми муносиб мегузорад.

Апрель 12, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад