ТОЗА КАРДАНИ МАВЗЕЪҲОИ ТАВИЛДАРА АЗ МИНА

Апрель 21, 2010 12:18

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ташкилоти швейтсарии безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон ба тоза кардани майдонҳои минакорӣ кардашуда оғоз намуд. Бино ба гуфти мушовири техникии ин ташкилот Артиём Арутунян, соли 2009 гурӯҳи мутахассисон оид ба тоза кардани минаҳо аз мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Тавилдара дидан карданд. Дар натиҷаи омӯзиш муайян карда шуд, ки маводи тарканда  дар ин мавзеъҳо  аз тирҳои мушакзан то бомбаҳои авиатсиониро дар бар мегиранд. Ин аст, ки безарар накардаи минаҳо дар мавзеъҳои гуногуни ин диёри хушманзара метавонад боиси ба ҳалокат расонидани садҳо одамону ҳайвонот гардад.    Ба гуфти мутахассиси безараргардонии минаҳо Мушфиқ Муҳиддинов, гурӯҳи тадқиқотии швейтсарӣ ҷустуҷӯи муҳимоти нотаркидаро дар деҳоти ноҳияи Тавилдара  ва атрофии он идома медиҳанд.  

Апрель 21, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд