ВАРЗИШИ ОБ ДАР ВАРЗОБ

Апрель 23, 2010 16:50

Варзоб, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Шӯъбаи ҳифзи муҳити зист, кормандони бахши санитарӣ-  эпидемиологӣ бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию санҷишӣ доимо баҳри тозагии оби дарёи Варзоб саҳм мегузоранд,-иброз дошт муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров зимни нишасти матбуотӣ. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Тавре, ки хабарнигорон иттилоъ гирифтанд дар семоҳаи аввал ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ  1470 ҳазор сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли 2009-ум  394 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар семоҳаи аввал дар ҳудуди ноҳия дар масоҳати 5,5 гектар боғи мевадиҳанда, 4,3 гектар токзор бунёд гашт. Дар самти занбури асалпарварӣ бошад мувофиқи ҳисоботҳо 2 ҳазору 714 оилаи занбури асал мавҷуд аст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2009    1 ҳазору 234 оила зиёд аст. Ноҳияи Варзоб бо табиати бою базебаш воқеан мавзеи дилкашу дилрабост. Бино ёфтани истироҳатгоҳҳои хубу замонавӣ, роҳи мумфарши ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, чашмаҳои шифобахшу арчазорони сабзу хуррамаш ва мардуми меҳмоннавозу меҳмондӯсташ ба ҳусни ин дараи афсонавӣ ҳусни тоза зам менамояд. Дар нишасти матбуотӣ хабарнигон бо саволҳои хеле зиёд ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб муроҷиат карда, посухҳои қаноатбахш   гирифтанд.

Апрель 23, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд