ВАРЗИШИ ОБ ДАР ВАРЗОБ
Варзоб, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Шӯъбаи ҳифзи муҳити зист, кормандони бахши санитарӣ- эпидемиологӣ бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию санҷишӣ доимо баҳри тозагии оби дарёи Варзоб саҳм мегузоранд,-иброз дошт муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров зимни нишасти матбуотӣ. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Тавре, ки хабарнигорон иттилоъ гирифтанд дар семоҳаи аввал ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1470 ҳазор сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли 2009-ум 394 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар семоҳаи аввал дар ҳудуди ноҳия дар масоҳати 5,5 гектар боғи мевадиҳанда, 4,3 гектар токзор бунёд гашт. Дар самти занбури асалпарварӣ бошад мувофиқи ҳисоботҳо 2 ҳазору 714 оилаи занбури асал мавҷуд аст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2009 1 ҳазору 234 оила зиёд аст. Ноҳияи Варзоб бо табиати бою базебаш воқеан мавзеи дилкашу дилрабост. Бино ёфтани истироҳатгоҳҳои хубу замонавӣ, роҳи мумфарши ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, чашмаҳои шифобахшу арчазорони сабзу хуррамаш ва мардуми меҳмоннавозу меҳмондӯсташ ба ҳусни ин дараи афсонавӣ ҳусни тоза зам менамояд. Дар нишасти матбуотӣ хабарнигон бо саволҳои хеле зиёд ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб муроҷиат карда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






