ВАЗЪИ МАОРИФ ДАР БАДАХШОН

Апрель 24, 2010 11:06

Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Соли равон барои соҳаи маориф аз буҷаи ВМКБ 42 миллиону 227 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2009-ум 1 миллиону 652 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят қайд карда шуд. Зикр гардид, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ бинои нави мактаб дар деҳаи Бешгумбази ноҳияи Мурғоб мавриди истифода қарор дода шуда, бунёди бинои 11 мактаби нав идома дорад. Барои сохтмони бинои хобгоҳи литсейи техникии Навобод 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, барои 80 нафар тарбиятгирандагони интернати вилоятии ноҳияи Рўшон хобгоҳи нави барҳаво мавриди истифода қарор дода шуд. Аз Вазорати маориф 13 номгўи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 1490 адад, «Харитаи ҷуғрофии Тоҷикистон» 720 адад ва китобчаи «Ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам» ба толибилмони вилоят дастрас гардид.  «Дар баробари ин ҳама пешравиҳо, камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, таҷҳизоти утоқҳои фанҳои дақиқ фарсуда шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз нагардидааст. Аз ин сабаб, дарсҳо бештар дар шакли назариявӣ мегузаранд. Адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ низ кам аст», — зикр карда шуд дар нишасти матбуотӣ.

Апрель 24, 2010 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд