ВАЗЪИ МАОРИФ ДАР БАДАХШОН
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Соли равон барои соҳаи маориф аз буҷаи ВМКБ 42 миллиону 227 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2009-ум 1 миллиону 652 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят қайд карда шуд. Зикр гардид, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ бинои нави мактаб дар деҳаи Бешгумбази ноҳияи Мурғоб мавриди истифода қарор дода шуда, бунёди бинои 11 мактаби нав идома дорад. Барои сохтмони бинои хобгоҳи литсейи техникии Навобод 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, барои 80 нафар тарбиятгирандагони интернати вилоятии ноҳияи Рўшон хобгоҳи нави барҳаво мавриди истифода қарор дода шуд. Аз Вазорати маориф 13 номгўи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 1490 адад, «Харитаи ҷуғрофии Тоҷикистон» 720 адад ва китобчаи «Ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам» ба толибилмони вилоят дастрас гардид. «Дар баробари ин ҳама пешравиҳо, камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, таҷҳизоти утоқҳои фанҳои дақиқ фарсуда шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз нагардидааст. Аз ин сабаб, дарсҳо бештар дар шакли назариявӣ мегузаранд. Адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ низ кам аст», — зикр карда шуд дар нишасти матбуотӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






