ВАЗЪИ НАҚЛИЁТ ДАР ХАТЛОН
Қӯрғонтеппа, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 42 ҳазору 79 адад нақлиётҳои гуногунтамға ба қайд гирифта шуда, аз ин 4 ҳазору 785 ададаш ба соҳибкорӣ машғул буда, 76 фоизи онҳо иҷозатномаи фаъолият доранд. Аз он ҷумла шумораи автомобилҳои сабукрав 35 ҳазору 978 ададро ташкил медиҳад, изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ Тоҷиддин Сафаров, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Қӯрғонтеппа. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шӯъбаҳои нозирони муттасадии шаҳру ноҳияҳои Раёсат 296 маротиба рейдҳои муштарак гузаронида, 1330 адад воститаҳои нақлиёт зери санҷиш қарор дода шуда, ба 28 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ огоҳнома додаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






