ВАЗИР АЗ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲА ДАР ОСТОНА ГУЗОРИШ ДОД
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Остона пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон Анҷумани якуми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин анҷуман ҳайати 18 нафараи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамроҳӣ менамояд. Дар ифтитоҳи ҷаласаи асосии анҷуман Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони анҷуман расонд. Инчунин, Вазири маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов дар анҷуман дар мавзӯи «Маорифи Тоҷикистон: Рушди ҳамкориҳои мутақобил» маърӯза намуда, доир ба вазъи кунунӣ пешрафту дастовардҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон табодули назар кард. Бояд зикр кард, ки иштирокдорони анҷуман мавзӯҳои гуногуни марбут ба соҳаи маориф, вазъи кунунӣ ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Анҷуман 28 апрел ба анҷом мерасад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






