ВАЗИР АЗ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲА ДАР ОСТОНА ГУЗОРИШ ДОД

Апрель 27, 2010 08:48

Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Остона пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон Анҷумани якуми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин анҷуман ҳайати 18 нафараи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамроҳӣ менамояд. Дар ифтитоҳи  ҷаласаи асосии  анҷуман Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони анҷуман расонд. Инчунин,  Вазири маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов дар анҷуман дар мавзӯи «Маорифи Тоҷикистон: Рушди ҳамкориҳои мутақобил» маърӯза намуда, доир ба вазъи кунунӣ пешрафту дастовардҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон табодули назар кард. Бояд зикр кард, ки  иштирокдорони анҷуман мавзӯҳои гуногуни марбут ба соҳаи маориф, вазъи кунунӣ ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Анҷуман 28 апрел ба анҷом мерасад.

Апрель 27, 2010 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад