ВОХӮРИИ М. АСРОРӢ БО ГУРӮҲҲОИ ЭҶОДИИ «ЧОДАРИ ХАЁЛ»

Апрель 20, 2010 14:04

  Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрўз, 20 апрел дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ бо роҳбарони гурўҳҳои эҷодии  Фестивали дуюми байналмилаии театрҳои лўхтак «Чодари хаёл» баргузор шуд. Зимни суханронӣ Вазири фарҳанг зикр намуд, ки ин гуна фестивалҳо муносибатҳои фарҳангии байни давлатҳоро боз ҳам қавӣ мегардонад. «Омадани шумо барои Тоҷикистониён хурсандии бузург мебошад, зеро ташрифи шумо ба ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ заминаи боз ҳам мустаҳкаме мегузорад»- иброз дошт вазир. Мирзошохрух Асрорӣ ба меҳмонон ёдрас намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои фарҳангии байни миллатҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст. Дар навбати худ меҳмонон низ изҳори хушнудӣ карданд, ки чунин як фестивали бузург дар сарзамини Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кўдакон доир мешавад. Ҳамчунин ҳунармандон аз меҳмоннавозии халқи тоҷик миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки мардуми тоҷик тавонистаанд, анъанаҳои фарҳанги қадимаи хешро то имрӯз нигоҳ доранд. Дар хотима, Вазири фарҳанг ба меҳмонон китоби ашъори Абуабдуллои Рўдакиро тақдим намуд.   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.                        

Апрель 20, 2010 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст