ВОХӮРИИ М. АСРОРӢ БО ГУРӮҲҲОИ ЭҶОДИИ «ЧОДАРИ ХАЁЛ»
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрўз, 20 апрел дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ бо роҳбарони гурўҳҳои эҷодии Фестивали дуюми байналмилаии театрҳои лўхтак «Чодари хаёл» баргузор шуд. Зимни суханронӣ Вазири фарҳанг зикр намуд, ки ин гуна фестивалҳо муносибатҳои фарҳангии байни давлатҳоро боз ҳам қавӣ мегардонад. «Омадани шумо барои Тоҷикистониён хурсандии бузург мебошад, зеро ташрифи шумо ба ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ заминаи боз ҳам мустаҳкаме мегузорад»- иброз дошт вазир. Мирзошохрух Асрорӣ ба меҳмонон ёдрас намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои фарҳангии байни миллатҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст. Дар навбати худ меҳмонон низ изҳори хушнудӣ карданд, ки чунин як фестивали бузург дар сарзамини Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кўдакон доир мешавад. Ҳамчунин ҳунармандон аз меҳмоннавозии халқи тоҷик миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки мардуми тоҷик тавонистаанд, анъанаҳои фарҳанги қадимаи хешро то имрӯз нигоҳ доранд. Дар хотима, Вазири фарҳанг ба меҳмонон китоби ашъори Абуабдуллои Рўдакиро тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






