ВТ: БЕМОРИИ ФАЛАҶ ДАР ҶУМҲУРӢ БА 120 НАФАР РАСИДААСТ

Апрель 22, 2010 16:30

Душанбе,  22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-    Дар соли 2010 бемории фалаҷи шадид (полиомиелит) дар ҷумҳурӣ ба  120 нафар расидааст. Дар ин бора аз  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Инчунин, қайд намуданд, ки дар айни замон, қисми зиёди ин беморон дар натиҷаи табобат пурра шифо ёфтаанд. Шумораи зиёди бемориро нисбати солҳои гузашта ба назар гирифта, Вазорати тандурустӣ барои муайян намудани сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муроҷиат намуд.   Дар натиҷа,   моҳи  апрели соли равон мушовирони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҷумҳурии мо ташриф оварда, дар айни замон бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ барои муайян намудани сабабҳои ин беморӣ амал намуда истодаанд. Дар назар аст, ки бо тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар якҷоягӣ бо давлатҳои ҳамсоя бар зидди бемории фалаҷи шадид эмкунӣ ба нақша гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки  дар ҷумҳурӣ аз соли 2002 ин ҷониб ҳар сол аз 25 то 40 нафар ин намуди беморӣ  ба қайд гирифта мешавад.

Апрель 22, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст