ЯК МИЛЛИОН ОДАМ АЗ КАМБИЗОАТӣ БАРОВАРДА ШУД
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи натиҷаи тадқиқоти муштараки Ҳукумат ва ташкилотҳои мустақил доир ба сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, соли 2007 гузаронида шуда буд, сатҳи камбизоатӣ аз 73 фоизи соли 2003 то 53 фоиз дар соли 2007 коҳиш ёфта, ин раванд, солҳои 2008 — 2009 низ идома ёфт ва 50 фоиз камтар гардид. Дар натиҷа беш аз 1 миллион нафар аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуд. Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрел зикр намуд. Президент гуфт, ки дар доираи Стратегия барои солҳои 2010-2012 татбиқи чорабиниҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ то охири соли 2012 то 40 фоиз паст карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи Дурнамои миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои се соли оянда афзоиши солонаи нишондиҳандаҳои иқтисоди воқеӣ ба андозаи на кам аз 5-6 фоиз ва сатҳи таваррум на зиёда аз 8-10 фоиз пешбинӣ гардидааст. Инкишоф додани соҳаи энергетика, саноат ва кишоварзӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин рушди хизматрасонӣ ҳамчун роҳи расидан ба ин ҳадаф дар назар дошта шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






