ЯК НАФАР ҚУРБОНИ БОРОНИ СЕЛ ШУД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи борони сел, ки ҳафтаи гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рух дод дар дарёчаи Ниёви ноҳияи Шӯрообод як зани 32 сола ғарқ шуд. Борони сел ҳамчунин ба ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг ва Кӯлобу Восеъ низ хисороти зиёд ворид намуд. Бо вуҷуди он ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар бораи талафоти одамон маълумоте нарасидааст, аммо тибқи иттилои хабарнигори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳматалӣ Назриев талафоти як одам дар ноҳияи Шӯрообод ба қайд гирифта шудааст. Бо ёрии кормандони ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Восеъ сокинони деҳаи Ғофилобод сари вақт аз ҷойи ҳодиса ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд. Зарари хисорот муйян карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






