ЮНИСЕФ ҲАМКОРИИ НАЗДИКТАРРО БО ШАҲРУ НО&#1202ИЯҲОИ ҶТ ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Апрель 12, 2010 17:24

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).  – Имрӯз, 12 апрел, дар Душанбе, байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳашт ноҳия ва шаҳрҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ЮНИСЕФ хабар доданд,  мақсади ёддошт  тақвият додани ҳамкориҳои муштарак бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Кӯлоб, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рашт ва Шуғнон  ва ба даст овардани шароитҳои беҳтар  барои занон  ва кӯдакон мебошад.  “Ёддошти  тафоҳум ҳуҷҷатест, ки ҳамчун асос барои ҳамкорӣ дар давоми солҳои 2010-2011 хизмат менамояд»,- гуфт роҳбари барномаи Тандурустӣ ва oзуқаи, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аядил Сапарбеков,. «Инчунин, мо ба наздикӣ нақшаи амалро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳашт ноҳия ва шаҳрҳо ба имзо мерасонем, ки муфассалтар доира ва самти ҳамкориро вобаста аз эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи ҳар як ноҳия дар муддати ду соли охир, муайян мекунад».   «Ҳуҷате, ки мо ба имзо мерасонем самти нави ҳамкориро байни ЮНИСЕФ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияҳро пешбинӣ  мекунад»,- илова намуд, ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод. Аз рӯи ин самт ЮНИСЕФ кӯмаки молии худро на ба буҷаи давлатӣ, балки  бевосита ба буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои дар боло зикршуда равона месозад». «Ҳамкории васеъи ЮНИСЕФ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои боло зикр шуда ба рушд додани соҳаҳои зиндамонӣ ва инкишофи кӯдак, маълумоти миёна ва баробарии гендерӣ, ҳифзи кӯдак ва системаи иттилоотии идоракунӣ равона шудааст ва ЮНИСЕФ бо кӯмаки моллӣ ва техникӣ таъмин намуда, сатҳи дониш ва корбарии кормандони онҳоро баланд мебардорад», афзуд манбаъ. Ёддошти тафоҳуми ба имзорасида дар асоси Накшаи амалиёти барномаи сатҳи кишвар (НАБСК) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ барои солхои 2010-2015, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 25 декабри соли 2009 ба имзо расидааст, ва бо роҳнамоии Стратегияи рушди милли (СРМ) барои солҳои  2007-2015  ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК)  барои солҳои 2010-2012  тартиб дода шудааст.

Апрель 12, 2010 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад