ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК БА МАСКАВ МЕРАВАД
Қӯрғонтеппа, 3 апрел (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Корманди студияи телевизиони вилоятии «Хатлон» Давлаталӣ Шамсов дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук ширкат меварзад, ки таҳти унвони «Инсон ва кайҳон» дар шаҳри Королевои вилояти Маскав баргузор мегардад. Мусобиқа ба шарафи Рӯзи кайҳоннавардон гузаронида мешавад. Д.Шамсов инчунин дар пойгаи идона иштирок хоҳад кард, ки 25 апрел ба шарафи иди 65 – солагии ғалаба бар фашизм дар Маскав гузаронида мешавад. Давлаталӣ Шамсов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки дар чунин мусобиқаҳо бори дуюм иштирок менамояд. Вай қайд кард, ки раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов барои ба пойтахти Русия рафтанаш кӯмаки молиявӣ расондааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






