ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК БА МАСКАВ МЕРАВАД

Апрель 3, 2010 11:14

Қӯрғонтеппа, 3  апрел  (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). – Корманди студияи телевизиони вилоятии «Хатлон»  Давлаталӣ  Шамсов  дар   мусобиқаи  байналмилалии   варзиши  сабук   ширкат  меварзад, ки   таҳти  унвони «Инсон ва  кайҳон»  дар  шаҳри  Королевои  вилояти  Маскав  баргузор  мегардад. Мусобиқа   ба  шарафи  Рӯзи  кайҳоннавардон  гузаронида  мешавад. Д.Шамсов  инчунин  дар  пойгаи  идона  иштирок   хоҳад  кард, ки  25  апрел  ба  шарафи   иди 65 – солагии ғалаба бар  фашизм  дар Маскав гузаронида  мешавад. Давлаталӣ Шамсов  зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  кард, ки  дар  чунин  мусобиқаҳо  бори  дуюм  иштирок  менамояд.  Вай  қайд  кард, ки  раиси вилояти  Хатлон  Ғайбулло  Авзалов  барои ба  пойтахти  Русия  рафтанаш  кӯмаки  молиявӣ  расондааст.

Апрель 3, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад