ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МУРҒОБ
ВМКБ, 21 май. (АМИТ «Ховар» Лутфишо Додо).- Дар Паёми Призиденти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба қабули шаҳрвандону ба доди онҳо расидани соҳибмансабҳо эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Раиси ВМКБ Кодир Косим бо як гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ноҳияи Мурғоб сафари корӣ дошт. Қодири Қосим дар деҳоти Аличур, Мурғоб, Каракӯл, Шаймоқ, Тохтамиш ва Қизилрубот меҳнаткашони ноҳияро қабул карда, ба арзу шикояти онҳо гуш дод. Арзу шикояти шаҳрвандон асосан аз таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, ҷойҳои корӣ, истифодаи чарогоҳҳои марзӣ, муносибати шаҳрвандону марзбонон, паст кардани андози нақлиёти хусусӣ, бештар ҷудо намудани квота барои хатмкардаҳо, пардохти сари вақти нафақа, таъмини эҳтиёҷмандон бо хонаи истиқоматӣ иборат буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






