ҚАРЗҲОИ ДЕБИТОРИЮ КРЕДИТОРИИ КВД «ХМК»

Май 12, 2010 09:38

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ, қарзҳои дебитории корхонаҳои тобеи Хоҷагии манзилию коммуналӣ  дар моҳи апрели сои 2010 15691,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6,6 фоиз зиёд аст. Қарзҳои кредиторӣ бошанд, дар ин муддат ба 18645,8 ҳазор сомонӣ расидаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2009 5,1 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, қарзҳои кредиторӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия ба маблағи 1072,0 ҳазор сомонӣ ё 11,6 фоиз зиёд гардиданд. Ба замми ҳамаи ин, корхона натавонист қарзҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ  ва андозро иҷро намояд.   Дар моҳи апрели соли 2010 қарзҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва андози корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4971,4 ҳазор сомониро ташкил дод.

Май 12, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад