ҚАРЗҲОИ ДЕБИТОРИЮ КРЕДИТОРИИ КВД «ХМК»
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ, қарзҳои дебитории корхонаҳои тобеи Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар моҳи апрели сои 2010 15691,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6,6 фоиз зиёд аст. Қарзҳои кредиторӣ бошанд, дар ин муддат ба 18645,8 ҳазор сомонӣ расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2009 5,1 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, қарзҳои кредиторӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия ба маблағи 1072,0 ҳазор сомонӣ ё 11,6 фоиз зиёд гардиданд. Ба замми ҳамаи ин, корхона натавонист қарзҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва андозро иҷро намояд. Дар моҳи апрели соли 2010 қарзҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва андози корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4971,4 ҳазор сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






