ҚАРЗИ НАРХИ ОБИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

Май 11, 2010 12:04

Душанбе, 11май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, баробари аз шакли пештараи хоҷагидорӣ гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ, аз ҷумла деҳқонӣ (фермерӣ), саҳҳомӣ, посиракорӣ, иҷоравӣ мушкилоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ ҷумҳурӣ оид ба таъмини обрасонӣ зиёд  шуд. Омили бадшавии обрасонӣ дар майда шудани хоҷагиҳо ва надоштани шартнома бо хоҷагиҳои об дониста мешавад, ки ҳоло шумораи онҳо ба 33 ҳазор мерасад. Аз инрӯ дар алоҳидагӣ ба ҳар хоҷагӣ расонидани об мушкилоти зиёдро пеш меорад. Дар навбати аввал аз он ҷиҳат, ки маданияти кишти хоҷагиҳо якхела нест ва аз об истифодабарӣ  давраҳои алоҳидаро талаб менамояд.  Хоҷагиҳо ҳар вақт, ки хоҳанд аз об истифода мекунанд, аммо пардохти нархи истифодабарии обро аз хотир мебароранд,- иброз дошт сардори Раёсати иншоотҳои обёрии вазорати мазкур Қодир Алиев ба мухбири АМИТ «Ховар». Қарзи хоҷагиҳои кишоврзӣ дар назди идораҳои хоҷагиҳои оби вазорати мазкур сол аз сол зиёд мегардад. Алҳол қарзи обистифодабарандагон дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об 184 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар моҳи апрел қарзи дебитории хоҷагиҳо дар назди идораҳои зертобеи вазорат ба 212,7 ва қарзи кредитории онҳо  ба 234,05 млн. сомонӣ рост омад.

Май 11, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд