ҚАРЗИ НАРХИ ОБИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 11май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, баробари аз шакли пештараи хоҷагидорӣ гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ, аз ҷумла деҳқонӣ (фермерӣ), саҳҳомӣ, посиракорӣ, иҷоравӣ мушкилоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ ҷумҳурӣ оид ба таъмини обрасонӣ зиёд шуд. Омили бадшавии обрасонӣ дар майда шудани хоҷагиҳо ва надоштани шартнома бо хоҷагиҳои об дониста мешавад, ки ҳоло шумораи онҳо ба 33 ҳазор мерасад. Аз инрӯ дар алоҳидагӣ ба ҳар хоҷагӣ расонидани об мушкилоти зиёдро пеш меорад. Дар навбати аввал аз он ҷиҳат, ки маданияти кишти хоҷагиҳо якхела нест ва аз об истифодабарӣ давраҳои алоҳидаро талаб менамояд. Хоҷагиҳо ҳар вақт, ки хоҳанд аз об истифода мекунанд, аммо пардохти нархи истифодабарии обро аз хотир мебароранд,- иброз дошт сардори Раёсати иншоотҳои обёрии вазорати мазкур Қодир Алиев ба мухбири АМИТ «Ховар». Қарзи хоҷагиҳои кишоврзӣ дар назди идораҳои хоҷагиҳои оби вазорати мазкур сол аз сол зиёд мегардад. Алҳол қарзи обистифодабарандагон дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об 184 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар моҳи апрел қарзи дебитории хоҷагиҳо дар назди идораҳои зертобеи вазорат ба 212,7 ва қарзи кредитории онҳо ба 234,05 млн. сомонӣ рост омад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






