ҚОНУН БА ҶАЛБИ САРМОЯ МУСОИДАТ МЕКУНАД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзулло Раҷабов, қонуни ҶТ «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳо», ки 25 – уми феврали соли ҷорӣ қабул гардид, қадами навбатие дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум мебошад. Ба гуфти Ф. Раҷабов, қонуни мазкур барои ҳар чӣ бештар ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намудани сармояи нафақат хориҷӣ, балки сармояи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бонкҳои хориҷӣ қарор доранд, мусоидат мекунад. -Аз тарафи дигар, қонуни мазкур танҳо василаи дигару иловагии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои тоҷирону сармоягузорон, дастгирии давлатии соҳибкорӣ буда, моликияти шахсро аз таҷовузгарон ҳифз мекунад,- гуфт Файзулло Раҷабов.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






