ҚУРБОНИЁНИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ ДАР АФҒОНИСТОН
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи боридани боронҳои тӯлонӣ ва шадид дар давоми рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои Афғонистон 60 нафар ҳалок шуд. Инчунин дар натиҷаи боришҳои шадид зиёда аз 600 хона хароб гардид. Ҳукуматдорони вилояти Ҳирот хабар медиҳанд, ки дар давоми шабонарӯзи охир бар асари боришҳо дар ин ҷо 54 нафар ҳалок шуд. Инчунин 22 нафари дигар беному нишон гум шудааст. Сели дирӯз дар вулусволии Боломурғоби вилояти Бодғис омада, 9 нафар бачагони хурдсолро рабуд. Дар натиҷаи боришҳо танҳо дар вилояти Балх қариб 300 манзили истиқоматӣ хароб шуд. Инчунин Бунгоҳи тақсими қувваи барқ аз кор баромад, ки дар натиҷаи он шаҳри Мазори Шариф бе қувваи барқ монд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






