ҚУРЪОН БАРОИ ҲАР ЯК ОИЛАИ ТОҶИК

Май 20, 2010 10:08

Душанбе,  20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дабири кулли  Ҷамъияти байналмиллалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳ дирӯз, баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ба хабарнигорон сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр намуд, ки аз натиҷаи мулоқот  ба Сарвари давлати Тоҷикистон қаноатманд аст. Меҳмон тазаккур дод, ки дар Душанбе зимни иштирок дар маҷлиси вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ аз ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастраси ҳар оилаи тоҷик гардондани китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ огоҳ шудааст. «Бо ин мақсад 1 миллиони 250 хазор нусха китоби Қуръон чоп карда мешавад. Мо қарор додем, ки дар ин кори хайр саҳм гузорем. Бо маблағи ҷамъияти мо дар навбати аввал 10 ҳазор нусха Қуръон чоп карда мешавад. Теъдоди он минбаъд зиёд хоҳад шуд». «Мо омода ҳастем, ки дар чопи китобҳои Куръони карим саҳми худро гузорем ва таъкид кард, ки беш аз 1 миллион нусха Қуръони каримро бо тарҷумаи тоҷикӣ чоп намуда дастраси чавонони Тоҷикистон менамояд.Ҷаноби олӣ аз ин  пешниҳоди мо   изҳори ташаккур намуданд. Ин боздиди аввалини ман буд ва хатман боз боздидҳо хоҳад шуд», гуфт  Муҳаммад Бодаҳдаҳ. Дар охир меҳмон ба Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои  пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори қадрдонӣ  намуд.             

Май 20, 2010 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад