ҲАЙАТҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Тавре хабар дода шуда буд, аз 18 то 20 майи соли равон дар Душанбе маҷлиси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор мегардад. Дар он 57 ҳайати давлатҳои аъзои созмон, мамлакатҳои мушоҳид, созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ва меҳмонони гуногунпоя иштирок хоҳанд кард. Ҳамаи ҳайатҳо 17 май ба Душанбе меоянд. Ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муншии умумии Созмони конфронси исломӣ барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил хоҳанд кард. Вазири корҳои хориҷии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб низ 17 май ба Душанбе меояд. Маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар Кохи Сомони саробӯстони ҳукуматӣ гузаронида мешавад. Дар маросими ифтитоҳи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои инъикоси васеи маҷлис дар бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон маркази матбуот ташкил карда мешавад. Маҷлис 20 май бо имзои ҳуҷҷатҳои хотимавӣ анҷом меёбад.