ҲАМКОРӢ БО САРПАРАСТОНИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади густариши ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз бо намояндагони созмонҳои байналмилалии сарпараст машварат баргузор намуд. Дар машварат намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Маҳмадамин Маҳмадаминов иштирок доштанд. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ М.Маҳмадаминов роҷеъ ба ҳамкории вазорат ва ташкилоту созмонҳои сарпараст, ҳолати аввалаи барномаҳои иҷрошуда ва натиҷаи онҳо сухан ронда, ба фаъолияти Барномаи рушди СММ, барномаҳои кӯмаки техникии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон, Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ, барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, қарордоди ҳамкорӣ бо ҷамъияти кӯмакҳои техникии Олмон ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» баҳои мусбат дод. Қайд карда шуд, ки ба туфайли кӯмаки созмонҳои мазкур барои касбомӯзии ҷавонон ва калонсолон, инчунин маъюбон шароити зарурӣ муҳайё карда шуд. Имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат 55 барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад. Ин барномаҳо асосан бо ҷалби сармояи хориҷӣ иҷро мешаванд. Маблағи умумии онҳо зиёда аз 8 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ иҷрои 14 барномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ оғоз ёфт. Тибқи Матритсаи рушди соҳаи хизматрасонӣ бо ташаббуси созмони ғайридавлатии «Чашмаи Эҳсон» бо кӯмаки Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар ноҳияи Ёвон Маркази буду боши рӯзонаи пиронсолон ва маъюбон таъсис дода шуд. Ассосиатсияи «Одамият» бо кӯмаки комиссияи мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Ҷомию Хуросон марказҳои минтақавии пиронсолон ва маъюбонро ташкил дод. Чунин марказҳо дар минтақаи дигари мамлакат низ ташкил карда шуданд. Иштирокчиёни машварат дар мавриди таҳияи Низомнома ва таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози истифодаи кӯмакҳои беруна дар вазорат мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






