ҲАВОПАЙМОИ НАХУСТИН АЗ ДУШАНБЕ БА БОРИСПОЛ ПАРВОЗ МЕКУНАД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 27 май соати 20 – у 50 дақиқа ҳавопаймои нахустини мусофирбари ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» аз Душанбе ба шаҳри Борисполи Украина парвоз мекунад. Ҳамин тариқ ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» бори аввал дар таърихи истиқлолияти мамлакат дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Киев роҳи ҳавоӣ мекушояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар байни Душанбе ва Киев ҳавопаймои мусофирбари «Боинг – 737» парвоз мекунад. Ҳавопаймо ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Душанбе ба Киев парвоз карда, рӯзи ҷумъа ба пойтахти Тоҷикистон бармегардад. Нархи чиптаи он 350 евро мебошад. Ба наздикӣ ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» бо ширкати калонтарини ҳавонавардии Украина «КИЙ АВИА» созишномаи ҳамкорӣ имзо карда буд. Мувофиқи созишнома ҳар ду ширкат дар соҳаҳои фурӯши чиптаҳо, ҳамлу нақли молу мусофирон ва туризм ҳамкорӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






