ҲАВОПАЙМОИ НАХУСТИН АЗ ДУШАНБЕ БА БОРИСПОЛ ПАРВОЗ МЕКУНАД

Май 27, 2010 16:59

Душанбе,  27 май. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Имрӯз, 27  май  соати  20 – у  50  дақиқа ҳавопаймои  нахустини  мусофирбари  ширкати   ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» аз  Душанбе ба  шаҳри  Борисполи   Украина  парвоз  мекунад. Ҳамин тариқ  ширкати  ҳавонавардии  «Тоҷик Эйр»  бори  аввал  дар таърихи  истиқлолияти  мамлакат дар байни  шаҳрҳои  Душанбе  ва  Киев  роҳи  ҳавоӣ  мекушояд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад,  ки дар  байни  Душанбе  ва  Киев  ҳавопаймои  мусофирбари  «Боинг – 737» парвоз  мекунад. Ҳавопаймо  ҳар  ҳафта  рӯзи  панҷшанбе  аз  шаҳри  Душанбе ба  Киев  парвоз  карда,   рӯзи  ҷумъа  ба  пойтахти  Тоҷикистон  бармегардад.  Нархи  чиптаи он   350  евро  мебошад. Ба  наздикӣ  ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр»  бо  ширкати  калонтарини  ҳавонавардии   Украина  «КИЙ АВИА»  созишномаи  ҳамкорӣ  имзо  карда буд. Мувофиқи  созишнома  ҳар ду  ширкат  дар  соҳаҳои   фурӯши  чиптаҳо,  ҳамлу  нақли   молу  мусофирон  ва  туризм  ҳамкорӣ хоҳанд  кард.            

Май 27, 2010 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад