ҲИСОБКУНАКИ БАРҚӢ БОИСИ СӮХТОР ГАРДИД

Май 13, 2010 16:01

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 25 ҳазору 265 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, масоҳати умумии сӯхторҳо 139 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 7, вилояти Хатлон – 3, шаҳри Душанбе – 2 ва ноҳияи Ҳисор – 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 10 майи соли равон аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқии ҳисобкунаки барқӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбон Ҳомидови 63 – сола, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад.   Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 18 метри мураббаъ болопӯш ва молу амволи хона сӯхта зарар дид. Зарар аз сӯхтор 1600 сомониро ташкил медиҳад.        

Май 13, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст