ҲУКУМАТИ ҶОПОН ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОНРО ОБОД МЕКУНАД

Май 25, 2010 13:56

Душанбе,  25 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). – Дар  доираи  кӯмаки  Ҳукумати  Ҷопон  ба  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Ҷилликӯл  5  гармхона  сохта шуд. Гармхонаҳои  мазкур  имрӯз  ба  истифода дода  шуданд. Дар  маросими  ифтитоҳи онҳо  иҷрокунандаи  вазифаи сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон Йошихиро  Накаяма  ва  раиси  ноҳияи  Ҷилликӯл  Маҳмадраҳим  Исмоилов  ширкат  варзиданд.  Барои  сохтани  гармхонаҳо  81  ҳазору 433  доллари  ИМА  сарф   шуд. Ба  туфайли  онҳо  аҳолии  маҳаллӣ,  маркази  вилоят ва  пойтахти  мамлакат  дар  4  фасли   сол  бо  маҳсулоти тару тоза таъмин  карда  мешаванд. Тибқи  нақша  дар  гармхонаҳо  асосан   сабзавот парвариш  карда  мешавад. Инчунин  бо  кӯмаки  Ҳукумати  Ҷопон   дар  ҷамоати  Араби  ноҳияи  Панҷ   бинои  нави   мактаби  миёна  сохта шуд. Барои  сохтмони  мактаб  84  ҳазору  641  доллари  ИМА  сарф  шуд. Бо  маблағи  ҷудонамудаи  Ҳукумати  Ҷопон  барои  Ассосиатсияи   истифодабарандагони оби  Сармантои  ноҳияи  Панҷ  ба  маблағи  85  ҳазору  614  доллар  техникаи  кишоварзӣ,  аз  ҷумла  тракторҳо  ва  экскаватор  харида  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  Ҳукумати  Ҷопон  аз соли 1996 то  имрӯз  дар  доираи  расонидани  кӯмак  ба  Тоҷикистон барои  амалӣ  сохтани 250  барнома  16,9  миллион  сомонӣ  ҷудо  намудааст.

Май 25, 2010 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад