ҶАМЪБАСТИ ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ
Хуҷанд, 21 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Ҷашнвораи дуюми театрҳои касбии мамлакат бегоҳии дирӯз дар толори Театри мусиқии мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар маросими ҷамъбасти ҷашнвора вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошохрух Асрорӣ, муовини аввали ӯ Миралӣ Достиев, муовини раиси вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева ва ҳунарпешагони театрҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Натиҷаҳои ҷашнвораро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ М.Асрорӣ ҷамъбаст намуда, ба театрҳо ва ҳунарпешагони беҳтарин ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо ҳадя намуд. Маъмурияти ҷашнвора аз ҷумла, ба саркоргардони Театри тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд, арбоби шоистаи фарҳакнги ҷумҳурӣ Ислом Саломов, ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Хушназар Майбалиев, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошохрух Асрорӣ барои саҳми калонашон дар рушди санъати театрӣ ва ташкилу гузаронидани ҷашнвора ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ тӯҳфа намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷашнвораи мазкур Театри тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд, Театри драммавии мусиқии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театли лухтаки шаҳри Чкаловск, Театри драммавии русии ба номи Пушкини шаҳри Чкаловск, Театри драммавии мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, Театри драммавии мусиқии ноҳияи Данғара, ва театрҳои дигар иштирок намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






