ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МАҶЛИСИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СКИ

Май 21, 2010 10:18

Душанбе,  21 май. (АМИТ «Ховар»). —  Баъди  чошти  дирӯз вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  ва  Муншии  умумии  Созмони  конфронси  исломӣ Икмолиддин Эҳсонӯғлӣ  барои  хабарнигорон  нишасти  матбуотӣ  ташкил  намуданд. Дар  он   натиҷаҳои маҷлиси  37 – уми  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  Созмони  конфронси  исломӣ  ҷамъбаст  карда  шуд.   Муншии  умумии   созмон  И.Эҳсонӯғлӣ  зикр  кард, ки дар  маҷлис  намояндагони   Туркия,  Эрон ва  Бразилия  дар  бораи  мубодилаи  сӯзишвории  ядроӣ  созишнома  имзо  карданд. Қайд  карда  шуд, ки намояндагони   мамлакатҳои  аъзои  созмон барномаи  ядроии  Эронро   ҳамаҷониба  дастгирӣ  намуданд.  Зеро  Эрон аз  барномаи  ядроии  худ бо  мақсадҳои  мусолиматомез  истифода  мебарад. Муншии  умумии  СКИ  мамлакатҳои  ҷаҳонро  даъват  намуд, ки   дар  бартараф  сохтани  муноқишаи   Исроилу  Фаластин  саҳм  гузоранд.  Иштирокчиёни  маҷлис  амалиёти  ғайриқонунии  Исроилро  дар   минтақаҳои  ишғолшуда,  аз  ҷумла,  теппаҳои  Ҷӯлон  қатъан  маҳкум  намуданд.  Вазирони  корҳои  хориҷӣ  дар  бораи  истифодаи   дини  ислом бо  мақсадҳои  ғаразнок  ва   паст  задании  обрӯю  эътибори он  дар  арсаи  байналхалқӣ  ду  қатънома  қабул  намуданд. Ҳамчунин  роҷеъ ба  Афғонистон,  Ироқ, Сомали, Ҷамму ва  Кашмир, Кӯҳистони  Қариябоғ ва  таъмини  якпорчагии  қаламрави  Озарбойҷон  қатъномаҳои  алоҳида  қабул  намуданд. Муншии  умумии  Созмони  конфронси  исломӣ таъкид  намуд, ки  дар  Мовароуннаҳр   халқҳои тоҷик  ва  ӯзбек   асрҳои  аср  дар  ҳамсоягии  ҳамдигар   зиндагӣ  мекунанд,   онҳо  бояд  ҳамаи  проблемаҳои  мавҷударо  бо  роҳҳои  гуфтушунид  ҳал  кунанд. Бояд  гуфт, ки дар  маҷлис   сухан  дар  бораи   муносибатҳои   имрӯзаи  Тоҷикистону  Ӯзбекистон  низ  рафт.

Май 21, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд