ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МАҶЛИСИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СКИ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар»). — Баъди чошти дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Муншии умумии Созмони конфронси исломӣ Икмолиддин Эҳсонӯғлӣ барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Дар он натиҷаҳои маҷлиси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ҷамъбаст карда шуд. Муншии умумии созмон И.Эҳсонӯғлӣ зикр кард, ки дар маҷлис намояндагони Туркия, Эрон ва Бразилия дар бораи мубодилаи сӯзишвории ядроӣ созишнома имзо карданд. Қайд карда шуд, ки намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон барномаи ядроии Эронро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Зеро Эрон аз барномаи ядроии худ бо мақсадҳои мусолиматомез истифода мебарад. Муншии умумии СКИ мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки дар бартараф сохтани муноқишаи Исроилу Фаластин саҳм гузоранд. Иштирокчиёни маҷлис амалиёти ғайриқонунии Исроилро дар минтақаҳои ишғолшуда, аз ҷумла, теппаҳои Ҷӯлон қатъан маҳкум намуданд. Вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи истифодаи дини ислом бо мақсадҳои ғаразнок ва паст задании обрӯю эътибори он дар арсаи байналхалқӣ ду қатънома қабул намуданд. Ҳамчунин роҷеъ ба Афғонистон, Ироқ, Сомали, Ҷамму ва Кашмир, Кӯҳистони Қариябоғ ва таъмини якпорчагии қаламрави Озарбойҷон қатъномаҳои алоҳида қабул намуданд. Муншии умумии Созмони конфронси исломӣ таъкид намуд, ки дар Мовароуннаҳр халқҳои тоҷик ва ӯзбек асрҳои аср дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, онҳо бояд ҳамаи проблемаҳои мавҷударо бо роҳҳои гуфтушунид ҳал кунанд. Бояд гуфт, ки дар маҷлис сухан дар бораи муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ рафт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






