ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БАҲОРИСТОН»
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 14 май дар Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов Ҷашнвораи байналмилалии «Баҳористон» баргузор мегардад, ки ба 200 — солагии рӯзи таваллуди оҳангсозони машҳур Ф.Шопен ва Р.Шуман бахшида хоҳад шуд. Дар ҷашнвора ҳунарпешагони Консерваторияи миллии ба номи Қурмонғозии Қазоқистон, консерваторияи миллии Қирғизистон, консерваторияи давлатии давлатии ба номи Чайковскии Маскав, консерваторияи давлатии ба номи Мусоргскии Урал, академияи давлатии ҳунар ва фарҳанги Челябинск ва ғайра ширкат меварзанд. Дар ҷараёни ҷашнвора бо ҳунармандони машҳур ва варзидаи консерваторияҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Новосибирск ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошохрух Асрорӣ мулоқотҳо ташкил карда мешаванд. Барои иштирокчиёни ҷашнвора дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҳти роҳбарии дирижёр Ҷерардо Колела бо иштироки ҳайати байналмилалии мутрибон консерти калон намоиш дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






