ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БАҲОРИСТОН»

Май 12, 2010 09:22

Душанбе,  12 май. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). —  14 май  дар  Консерваторияи  миллии  ба  номи Т.Сатторов  Ҷашнвораи  байналмилалии  «Баҳористон»  баргузор  мегардад, ки  ба  200 —  солагии  рӯзи таваллуди  оҳангсозони  машҳур  Ф.Шопен ва Р.Шуман  бахшида  хоҳад  шуд. Дар  ҷашнвора  ҳунарпешагони  Консерваторияи  миллии  ба  номи Қурмонғозии  Қазоқистон,  консерваторияи  миллии  Қирғизистон,  консерваторияи  давлатии давлатии  ба  номи  Чайковскии  Маскав,  консерваторияи давлатии ба  номи  Мусоргскии  Урал,  академияи давлатии  ҳунар ва  фарҳанги  Челябинск ва  ғайра   ширкат  меварзанд. Дар  ҷараёни  ҷашнвора  бо   ҳунармандони  машҳур  ва  варзидаи  консерваторияҳои   Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Новосибирск ва  вазири  фарҳанги  Тоҷикистон Мирзошохрух  Асрорӣ  мулоқотҳо  ташкил  карда  мешаванд. Барои  иштирокчиёни  ҷашнвора  дар  Театри  академии  опера  ва  балети ба  номи  С.Айнӣ  таҳти роҳбарии  дирижёр Ҷерардо  Колела бо  иштироки  ҳайати  байналмилалии  мутрибон  консерти  калон  намоиш  дода  мешавад.

Май 12, 2010 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд