ҶИНОЯТКОРИИ НАВРАСОН ТАШВИШОВАР ШУДААСТ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми чор моҳи сипаришудаи соли 2010 262 ҷинояти наврасон ба қайд гиифта шудааст, ки аз ин 23 ҷиноят аз ҷониби хонандагони мактабҳои таълимоти миёнаи умумӣ, 16 ҷиноят аз ҷониби хонандагони гимназия, коллеҷу литсейҳо ва 200 ҷиноят аз ҷониби наврасони қонуншикан, ки дар ҳеҷ ҷой таҳсил намекунанд ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиноятҳои бештари наврасон ба дуздии молу мулк алоқаманд аст. Айни замон дар ягона Муассисаи ислоҳии ноболиғони ҷумҳурӣ 60 нафар наврасони аз 14 то 18 сола нигоҳ дошта мешаванд. -Сабаби асосии ҷинояткорӣ аз беназорат мондани фарзандон ва аз паи ризқу рӯзӣ шудани падару модарон ва ворисони онҳо буда, барои тарбияи онҳо ҷудо накардани вақти зарурӣ мебошад,- мегӯяд сардори хизмати профилактикӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Азимов.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






