ҶОЙҲОИ КОРИ ОЗОДИ СОҲАВӢ

Май 6, 2010 09:01

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи маълумоти шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи 15 –уми майи соли ҷорӣ дар тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи ҷойҳои кори озоди соҳавӣ  — пизишкӣ, пизишкёрон, парасторон, кормандони маъмуриву хоҷагӣ, иқтисодчиён, муҳосибон, муҳандисон ва челонгарони барқчӣ  баргузор мегардад. Шаҳрвандон ҳангоми баргузории ярмарка имкон доранд бо корфармо оид ба тартибу низоми қабул ба кор, шартнома ва музди меҳнат сӯҳбат карда, тибқи ихтисоси доштаашон барои худ ҷойи доимии кор пайдо намоянд. Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, ярмарка дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  баргузор мегардад. Ин тадбири вазорат барои кам кардани шумораи бекорони ихтисосманд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мусоидат хоҳад кард.  

Май 6, 2010 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд