ҶОЙҲОИ КОРИ ОЗОДИ СОҲАВӢ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи 15 –уми майи соли ҷорӣ дар тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи ҷойҳои кори озоди соҳавӣ — пизишкӣ, пизишкёрон, парасторон, кормандони маъмуриву хоҷагӣ, иқтисодчиён, муҳосибон, муҳандисон ва челонгарони барқчӣ баргузор мегардад. Шаҳрвандон ҳангоми баргузории ярмарка имкон доранд бо корфармо оид ба тартибу низоми қабул ба кор, шартнома ва музди меҳнат сӯҳбат карда, тибқи ихтисоси доштаашон барои худ ҷойи доимии кор пайдо намоянд. Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, ярмарка дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Ин тадбири вазорат барои кам кардани шумораи бекорони ихтисосманд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мусоидат хоҳад кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






