2 КГ БАНГДОНА ДАРЁФТ ШУД
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муртазо Назаров, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, М. Назаров қаблан бо моддаи 201 КҶ ҶТ доғи судӣ дошта, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили ҷевони хонааш беш аз 2 кг маводи нашъадори навъи бангдона, дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






