240 НУҚТАИ БОРДОРКУНИИ ЧОРВО
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Б. Мирзоев, яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мебошад. Ба гуфти ҳамин манбаъ, айни замон дар се вилояти ҷумҳурӣ 240 нуқтаи бордоркунии сунъии чорвои калон мавҷуд аст, ки 81 нуқтаи он дар сектор (соҳа) –и ҷамъиятӣ ва 159 нуқта дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Дар ҳамаи ин 240 нуқта 2933 сар чорвои калон бо тарзи сунъӣ бордор карда шудааст, ки 1214 сари он ба сектори хусусӣ тааллуқ дорад. Ба гуфти сардори Раёсати чорводории вазорат, саршумори чорвои бо роҳи сунъӣ бордошуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 516 сар зиёд гардид. Аз чорвои бо роҳи сунъӣ бордоршуда то моҳи майи соли ҷорӣ 1400 сар гӯсола гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






