240 НУҚТАИ БОРДОРКУНИИ ЧОРВО

Май 12, 2010 09:43

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Б. Мирзоев, яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он  бордоркунии сунъӣ мебошад. Ба гуфти ҳамин манбаъ, айни замон дар се вилояти ҷумҳурӣ 240 нуқтаи бордоркунии сунъии  чорвои калон мавҷуд аст, ки 81 нуқтаи он дар сектор   (соҳа) –и ҷамъиятӣ  ва 159 нуқта дар сектори  хусусӣ фаъолият доранд. Дар ҳамаи ин 240 нуқта 2933 сар чорвои калон бо тарзи сунъӣ бордор карда шудааст, ки 1214 сари он ба сектори хусусӣ тааллуқ дорад. Ба гуфти сардори Раёсати чорводории вазорат, саршумори чорвои бо роҳи сунъӣ бордошуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 516 сар зиёд гардид. Аз чорвои бо роҳи сунъӣ бордоршуда то моҳи майи соли ҷорӣ 1400 сар гӯсола гирифта шудааст.

Май 12, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд