390 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Май 18, 2010 08:39

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини рушди   кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ барои соли 2010 дар  буҷаи ҷумҳурӣ 390 млн. сомонӣ пешбини шудааст, ки ин нисбат ба соили 2009 60 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, барқарор намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, муайян намудани масоҳат ва кадастри замин ҷудо кардани 200 млн. сомонӣ дар назар аст, ки он нисбат ба соли 2009 33 фоиз зиёд мебошад. Ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон назар карда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштааст, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат аз сатҳи рушди он вобаста аст.  

Май 18, 2010 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад