390 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини рушди кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ барои соли 2010 дар буҷаи ҷумҳурӣ 390 млн. сомонӣ пешбини шудааст, ки ин нисбат ба соили 2009 60 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, барқарор намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, муайян намудани масоҳат ва кадастри замин ҷудо кардани 200 млн. сомонӣ дар назар аст, ки он нисбат ба соли 2009 33 фоиз зиёд мебошад. Ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон назар карда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштааст, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат аз сатҳи рушди он вобаста аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






